ИҶРОИ САНАДҲОИ СУДӢ

  1. Фармон, ҳалнома, ҳукм, таъинот ва қарори суд, судя (минбаъд санадҳои судӣ), ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун мавриди иҷро қарор дода мешаванд.

Пешбурди коргузорӣ оиди таъмини иҷрои санадҳои судӣ ба зиммаи шӯъбаи умумӣ вогузор карда мешавад.

Маълумотҳо дар бораи иҷрои санадҳои судӣ дар варақаи бақайдгирии оморӣ дохил карда мешавад.

  1. Назорати иҷрои санади судӣ ба зиммаи судя — раисикунандаи парванда вогузор карда мешавад.

 Варақаҳои иҷро бо имзои судя ва котиби маҷлиси судӣ бо гузоштани муҳри нишондори суд тасдиқ гардида, мактуби роҳбаладии он бо имзои судя ва бо қайди рақами содиротии шуъбаи умумии суд ба суроғаи дахлдор ирсол карда мешавад.

Дар сурати тағйир дода шудани санади судӣ нусхаи санади судии марҳилаи кассатсионӣ ё назоратӣ ба иҷрочии суд фиристода мешавад.

Нусхаҳои таъиноти хусусии маҷлиси судӣ, қарори хусусӣ (вобаста ба дархости мақомоти дахлдор оид ба интихоб намудани чораҳои пешгирӣ дар бораи ба ҳабс гирифтан) ва пешниҳод дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат намудаанд, бо мактуби роҳбаладӣ бо имзои судя ва бо қайди рақами содиротии шуъбаи умумӣ ба корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, шахси мансабдори дахлдор ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба вайрон кардани меъёрҳои қонун ирсол мегардад. Шахси мансабдори корхона, ташкилот ва муассиса аз натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба вайрон кардани меъёрҳои қонун дар мӯҳлати як моҳ ба суди дахлдор иттилоъ медиҳад.

  1. Парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки санадҳои судии бо онҳо қабулкардашуда эътибори қонунӣ пайдо карда, иҷроишашон таъмин гардидаанд, бо дастури хаттии раисикунандаи парванда барои нигоҳ доштан ба бойгонии суд супорида мешаванд.