Ба истифода додани майдончаи варзишӣ воқеъ дар кўчаи С.Шерозӣ 8

Майдонча дар кучаи Саъдии Шерозии пойтахт ҷой гирифта, он тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд.

Тамоми корҳои сохтмонии майдончаи варзишӣбориояимеъёри қоидаҳоисохтмонӣ тибқи лоиҳаи азнавсозии он дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе ба амал бароварда шудаанд.

Бо мақсади таъмини шароити мусоиди сайру гашт ва истироҳати сокинон, ба хусус кўдакон ва ҷавонон ва боз ҳам зебо гардидани намуди зоҳирии ин мавзеъ тамоми корҳои амалишуда вобаста ба сохтмон, ободонӣ, кабудизоркунӣ ва насб кардани таҷҳизотҳои варзишию истироҳатӣ дар ин майдонча ба пуррагӣбо ҷалби мутахассисони соҳаҳои дахлдор анҷом дода шуданд.

Дар кори сохтмони майдончаи варзишӣзиёда аз 769 метри квадратӣ роҳравҳои ранга (мозайка), 19 ададфурўзонакҳо барои равшансозӣ, 1 адад айвонча (беседка) барои истироҳати сокинон насб карда шуд. Атрофи майдонча бо 286 метр панҷараи оҳанин ва бо 460 метри квадратӣ сеткаи симин махкам карда шуда, 6 адад таҷҳизот барои бозии кўдакон, барои варзиш 1 адад брус ва барои истироҳат 9 адад курсиҳо насб карда шуданд. Хамчунин дар ҳудуди майдонча 27 адад дарахтони арчаҳои бисёрсола шинонида шуданд.

Дар чор нуқтаи ҳудуди майдонча оби ошомиданӣгузаронида шуда, дар мувофиқа бо мутахассисони соҳаи кабудизоркунӣ майдончаҳо ва атрофи онҳо кабудизор карда шуданд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншоотҳои замонавӣ барои болидахотирии сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин боз ҳам ҷолибу зебо гардидани симои шаҳри Душанбе мусоидат хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *