Мулоқот бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ

20 июни соли 2018 Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Конференсияи байналмилии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд.

21 июн дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ баргузор гардид, ки зимни он маҷмуъи васеи масоили дӯстию ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки “Тоҷикистон хоҳони рушду густариши равобити ҳасанаи худ бо Афғонистон аст ва дар ин ҷода ҳамеша кӯшишу талоши созанда ба харҷ медиҳад”.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкати фаъоли Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва ҳайати ин кишвари ҳамсояро дар Конференсияи сатҳи баланд чун нишони пуштибонии ҳамаҷонибаи давлати дӯсти Афғонистон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи об маънидод карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба, вазъияти имрӯзаи Афғонистон, инчунин мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

Рушду густариш ва таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетика, илму маориф ва амният аз самтҳои ояндадори барои ҳар ду ҷониб судманд арзёбӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо ба сатҳи навини ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, итилоот ва фаъолияти иҷтимоӣ низ манфиатдорем ва Тоҷикистон омодааст, барои Афғонистон мутахассисони зиёди соҳаи барқ, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, роҳи оҳан, роҳсозӣ, сохтмон, меъморӣ, технологияҳои гуногун ва садҳо кадрҳои илмиро тарбия намояд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин муборизаи беамон бо таҳдидҳои аслӣ — терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллиро омили таъмини сулҳ, амният ва ҳамкории судманд ва озодӣ дар минтақа арзёбӣ карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *