«

Қабули шаҳрвандон

 Ҷиҳати таъмини иҷрои супоришу вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 дар хусуси қабули шаҳрвандон дар рўзҳои шанбе аз тарафи роҳбарияти мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ бармеояд, инчунин бобати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» аз ҷониби роҳбарияти  суди ноҳияи Рӯдакӣ санаи 17 июни соли 2017 (рузи шанбе) 5 нафар шаҳрвандон, ки ба таври шифоҳӣ муроҷиат карданд қабул гардида, арзу муроҷиатҳояшон шунида, барои ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои дахлдор андешида шудаанд.

Муроҷиатҳои  баррасишудаи шаҳрвандон 5- адад, мебошанд ва доир ба масъалаҳои гирифтани маълумот дар бораи супоридани аризаи даъвогӣ ба суд, вобаста ба эътирофи моликият ба манзили истиқоматии  худсарона  сохташуда  ва  дар  бораи  гирифтани нусхаҳои  санадҳои  судӣ буданд.