↑ Вернуться > ДАФТАРХОНАҲОИ СУД

Шўъбаи умумӣ

Сардори шӯъбаи умуми  суди ноҳияи ноҳияи Рӯдакӣ

Вазифаҳои шӯъбаи умуми  суди ноҳияи ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси  дастурамал

Оид ба коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабул ва ирсоли парвандаҳои судӣ, муросилот ва дигар ҳуҷҷатҳои   шахсан пешниҳодшуда, тариқи алоқаи почта ва хадамоти фелдъегерӣ воридшуда дар рӯзҳои корӣ аз тарафи корманди шӯъбаи умумӣ ба амал бароварда мешавад.

12. Дар рӯзҳои истироҳатӣ ва дар вақти ғайрикорӣ танҳо муросилоте, ки барои баррасии онҳо қонун мӯҳлатҳои кӯтоҳ муқаррар кардааст, аз тарафи судяи навбатдор ва кормандони навбатдори дастгоҳи суд қабул карда мешаванд. Муросилоте, ки бо чунин тартиб қабул шудааст, бояд на дертар аз рӯзи якуми навбатии корӣ бо тартиби умумӣ ба қайд гирифта шавад.

13. Корманди шӯъбаи умумии суд лифофаҳоро кушода, мутобиқати парвандаҳои судӣ ва дигар маводи дар рӯйхат бударо санҷида, дар саҳифаи аввали парванда ё дигар мавод муҳри воридотӣ мегузорад, ки дар он санаи воридшавӣ ва рақами тартибӣ аз рӯи дафтари воридоти муросилот сабт мегардад (дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Дастурамал дар муҳри қабул соат ва дақиқаи вақти қабул низ нишон дода мешавад).

 Корманди шӯъбаи умумии суд ҳуҷҷати шахсан пешниҳодшударо қабул карда, муҳри бақайдгириро дар нусхаи дуюми ҳуҷҷат гузошта, онро ба муроҷиаткунанда ҳамчун тасдиқи воқеъияти қабули ҳуҷҷат медиҳад.

 Муросилот аз ҷиҳати мутобиқати ҳуҷҷатҳои аслӣ ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳо ба номгӯ ва шумораи дар замима нишондодашуда санҷида мешавад.

14.  Агар ҳангоми кушодани лифофа мавҷуд набудани ягон ҳуҷҷат ё замима ба он ошкор гардад ё ба ҷойи ҳуҷҷати аслии дар замима нишондодашуда, нусхаи он пешниҳод шуда бошад, корманди шӯъбаи умумии суд дар ин хусус санад тартиб дода, нусхаи онро ба шахси муроҷиаткунанда ирсол намуда, санад ба маводҳо ҳамроҳ карда мешавад.

Лифофаҳо ба парванда ва маводҳои қабулшуда ҳамроҳ карда мешаванд.

15. Муросилоти  иштибоҳан расида тибқи таъинот бозпас ирсол карда мешавад.

16. Ҳуҷҷатҳои бе ном ва бе имзо          ба қайд гирифта намешаванд. Дар бораи ворид гардидани чунин ҳуҷҷатҳо корманди шӯъбаи умумии  суд ба раиси суд хабар дода, ҳуҷҷатро пешниҳод менамояд. Раиси суд ҳуҷҷатҳоро омӯхта, масъалаи минбаъд нигоҳ доштан ё маҳв кардани онҳоро ҳал менамояд.

17. Парванда ва муросилоти ба суд воридшуда дар дафтари воридоти муросилот (шакли №2) худи ҳамон рӯз ба қайд гирифта шуда, на дертар аз рӯзи дигари корӣ ба раиси суд пешниҳод карда мешавад. Баъди амри хаттии раиси суд сардори шӯъбаи умумӣ муросилоти воридотро дар дафтари воридот ба қайд гирифта, онҳоро ба судяҳо ва шахсони масъул бо қайди сана, гирифтани имзо ва нишон додани насаб, ном ва номи падари ӯ дар дафтари дахлдор месупорад.

Ҳангоми ҳаҷман калон будани муросилот он дар якчанд дафтари сабт вобаста ба навъ, ҳуҷҷати иҷро, муросилот оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, маводу пешниҳодҳо ва дигар муросилот ба қайд гирифта мешавад (шакли №3).

18. Лифофаҳои бо сабти «Шахсан» бе кушодани онҳо аз рӯи маълумотҳои дар лифофа ишорашуда ба қайд гирифта мешаванд ва тибқи мансубият супорида мешаванд.

19. Дар сурати дар як лифофа ворид шудани якчанд ҳуҷҷатҳо, ки ба якдигар алоқаманд нестанд, лифофа ба ҳуҷҷати нисбатан муҳимтар замима карда шуда, ба ҳуҷҷатҳои дигар нусхаи лифофа бо ишора ба ҷойи ҳамроҳ карда шудани лифофаи аслӣ, замима карда мешаванд.

Ҳуҷҷатҳое, ки тавассути почта ирсол гардида, бинобар дастрас ва супорида нашудани онҳо аз рӯи таъинот бозпас ворид шудаанд ва огоҳномаи почта оиди дастрас намудани ҳуҷҷатҳо ба қайд гирифта намешаванд. Чунин ҳуҷҷатҳо ва огоҳномаҳо ба маводҳои парванда ё маводи дахлдор ҳамроҳ карда мешаванд.

20. Муросилоти бо муҳр ва ё сабти «махфӣ» воридшуда кушода намешавад ва корманди дастгоҳи суд дар ин хусус фавран ба раиси суд хабар медиҳад. Барасмиятдарории минбаъдаи он бо тартиби муқарраргардида ба анҷом расонида мешавад.

21. Аз як судя ба судяи дигар супоридани парванда танҳо баъди барасмиятдарории мурофиавии чунин ивазкунӣ анҷом дода мешавад.

Судя парвандаи дар пешбурдаш қарордошта ва ҳуҷҷатҳои дигарро ба судяи дигар бо тартиб додани гузориш ба номи раиси суд ва сабтҳои зарурӣ дар дафтари феҳристи алифбоӣ ва варақаи баҳисобгирии оморӣ, баъди дӯхта, саҳифагузорӣ ва ба рӯйхат гирифтани маводҳои он месупорад.

22. Дар ҳолатҳои ба рухсатӣ баромадан, ба вазифаи дигар гузаштан, аз кор рафтан, бемории тулонӣ ва дигар ҳолатҳо сардори шӯъбаи умумӣ дар асоси супориши раиси суд парванда ва маводи дар пешбурди судя қарордоштаро бо тартиб додани санад қабул менамояд ва барои супоридан ба судяи дигар ба раиси суд пешниҳод мекунад.

Маълумотҳо дар бораи тағйир ёфтани раисикунандаи парванда ва маводҳо дар дафтари феҳристи алифбоӣ ва варақаи баҳисобгирии оморӣ сабт карда мешаванд.

23. Парвандае, ки барои баррасӣ дар маҷлиси суд таъин шудааст, дар дафтари сабт (шакли №4) ё дар варақаи баҳисобгирии оморӣ қайди дахлдор гузошта мешавад. Дафтарҳои сабт барои парвандаҳо ва барои муросилот алоҳида тартиб дода мешавад.

24. Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд барои нигоҳдории парвандаҳо, маводҳо ва ҳуҷҷатҳои дар ихтиёрашон қарордошта масъулияти шахсиро ба ӯҳда доранд.

25.      Судяҳо ва корманди дастгоҳи суд ӯҳдадоранд дар бораи ҳар як ҳолати гум шудани парванда, мавод ё ҳуҷҷати дигари баҳисобгирӣ фавран ба раиси суд хабар диҳанд. Дар бораи гум шудани ҳуҷҷатҳои ғайримурофиавӣ низ, бояд фавран ба раиси суд хабар дода шавад.

Дар бораи ҳар як ҳолати гум шудани парванда, мавод ва ё ҳуҷҷати дигари баҳисобгирӣ санад тартиб дода мешавад.

Аз рӯи ҳолати гум шудани мавод ё ҳуҷҷати дигар санҷиши хизматӣ гузаронида мешавад.

 26. Аризаҳо, аризаҳои даъвогӣ, арзу шикоятҳо ва маводе, ки судяҳо ҳангоми қабули шахсӣ гирифтаанд, худи ҳамон рӯз барои бақайдгирӣ ва барасмиятдарорӣ ба шӯъбаи умумии суд супорида мешаванд.

27. Ҳангоми тибқи таъинот ирсол намудани парвандаҳои судӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, рақами содирот дар мактубҳои ҳамроҳикунанда бояд ба рақами парванда (мавод) ё рақами бастае, ки дар он чунин муросилот замима мегардад, мутобиқ бошад.

28. Парвандаҳои судӣ ва муросилоте, ки тавассути хаткашон ба мақомот ва шахсони дахлдор ирсол мегарданд, ба дафтари ирсол барои муросилоти маҳаллӣ (шакли №5) сабт ва ба қабулкунандагон бо имзо супорида мешавад.

29. Парвандаҳои судӣ тибқи таъинот бо лифофаҳои фармоишӣ ё тавассути хаткашонҳо, мавод ва ҳуҷҷатҳои иҷроия бошад, бо мактубҳо тавассути почта ирсол мегарданд.

30. Оид ба лифофаҳои фармоишӣ ва мактубҳо дар ду нусха рӯйхат тартиб дода мешавад (шакли №6 барои мактуб ва лифофа дар алоҳидагӣ). Як нусха ба почта супорида шуда, нусхаи дигар тибқи тартиби хронологӣ дар бастаи дахлдор дӯхта мешавад.