↑ Вернуться > ДАФТАРХОНАҲОИ СУД

Шўъбаи гражданӣ-оилавӣ

Сардори шӯъбаи  граждани-оилавӣ суди ноҳияи ноҳияи Рӯдакӣ

Вазифаҳои шӯъбаи ҷинояти  суди ноҳияи ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси  дастурамал

Оид ба коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои бақайдгирӣ ва баҳисобгирии парванда ва маводҳо рақамҳои (индексҳои) зерин истифода мешаванд :

« 1 » — парвандаи гражданӣ;

« 2 » — парвандаи оилавӣ;

« 3 » —  парвандаи ҷиноятӣ;

« 4 » — парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;

« 5 » — парвандаи иқтисодӣ;

« 6» — дархости мақомоти таъқиби ҷиноятӣ дар бораи татбиқи чораҳои маҷбуркунии мурофиавии ҷиноятӣ;

« 7 » — пешниҳоди иҷрочиёни суд ва мақомоти дигари иҷрои санадҳои судӣ вобаста ба масъалаҳои иҷроиши санадҳои судӣ;

« 8 » — шикоятҳо нисбати қарорҳои мақомот ва шахсони мансабдор бо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;

« 9 » — маводҳои дигар (супориши судӣ, бардоштани доғи судӣ ва ғайра);

« 10 » — парвандаи гражданӣ дар марҳилаи кассатсионӣ;

« 11 » — парвандаи оилавӣ дар марҳилаи кассатсионӣ;

« 12 » —  парвандаи ҷиноятӣ дар марҳилаи кассатсионӣ;

«13» — парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар марҳилаи кассатсионӣ;

«14» — дархости мақомоти таъқиби ҷиноятӣ дар бораи татбиқи чораҳои маҷбуркунии мурофиавии ҷиноятӣ дар марҳилаи кассатсионӣ;

« 15 » — маводи дигар (супориши судӣ, бардоштани доғи судӣ ва ғайра) дар марҳилаи кассатсионӣ;

32.      Рақами пурраи парванда ё мавод дар худ индекс, рақами тартибӣ мувофиқи дафтари бақайдгирӣ ва соли ҷориро дарбар мегирад.

Мисол :

парвандаи гражданӣ № 1 – 1 / 2016 сол

парвандаи ҷиноятӣ № 3 – 1 / 2016 сол

33. Рақами парванда ё мавод дар варақаи баҳисобгирии оморӣ, дафтари феҳристи алифбоӣ ва муқоваи парванда ё мавод нишон дода мешавад. Мукотибот бо парванда ё мавод низ, таҳти рақами он анҷом дода мешавад.

34.      Дар сурати якҷоя кардани якчанд парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ,  ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва иқтисодӣ ба он рақами парвандае, ки пештар дохил шудааст дода мешавад ва дар ин бора дар варақаи баҳисобгирии омории парвандаҳои ҳамроҳшуда, қайди дахлдор ворид карда мешавад.

35.      Дар сурати аз парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ,  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва иқтисодӣ ба пешбурди алоҳида ҷудо карда шудани қисми парванда, ба он рақами нав дода мешавад.

36. Ба парвандаи ҷиноятии пас аз кофтуков аз мақомоти прокуратура ба суд воридшуда, рақами нав дода мешавад.

37.  Ба парванда ва маводе, ки то ҳисоботи солона баррасӣ нашудааст, рақами нави тартибӣ дода мешавад.

Дар варақаи баҳисобгирии оморӣ ва муқоваи парванда ё мавод ду рақами тартибӣ: рақами тартибии соли гузашта ва соли нав сабт мегардад.

Мисол :

№1-209/2015

№1-1/2016

38.  Дар сурати аз қабул рад кардан, баргардонидан ва беҳаракат монондани ариза, аризаи даъвогӣ ва шикоят парванда оғоз карда нашуда, рақам дода намешавад.

39.  Ариза дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамуда, варақаи баҳисобгирии оморӣ тартиб дода шуда, дар дафтари феҳристи алифбоӣ ба истиснои парвандаи иқтисодӣ сабт мегардад.

Аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда бо ҳамин тартиб сурат мегирад.

Бо аризаҳо дар бораи ислоҳ намудан ва тавзеҳ додани санади судӣ, парвандаи гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ оғоз карда намешавад.

Ариза ва маводҳо вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамуда,  ислоҳ намудан ва тавзеҳ додани санади судӣ ба парвандаи ибтидоӣ, ки аз рӯи он санади судӣ қабул шудааст ҳамроҳ карда мешавад.

40.      Доир ба ҳар як парвандаи ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, иқтисодӣ ва маводҳои чораҳои пешгирӣ дар суди марҳилаи якум ва суди марҳилаи кассатсионӣ варақаҳои баҳисобгирии оморӣ тартиб дода мешаванд (барои парвандаҳои ҷиноятӣ шакли №7 ва 8, барои парвандаҳои гражданӣ шакли №9 ва 10, барои парвандаҳои оилавӣ шакли №11 ва 12, барои парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шакли №13 ва 14, барои парвандаҳои иқтисодӣ шакли №15, маводҳои чораҳои пешгирӣ шакли №16 ва 17 ва дафтарҳои феҳристи алифбоӣ (барои парвандаҳои ҷиноятӣ шакли №18 ва 19, барои парвандаҳои гражданӣ шакли №20 ва 21, барои парвандаҳои оилавӣ шакли №22 ва 23, барои парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шакли №24 ва 25, маводҳои чораҳои пешгирӣ шакли №26 ва 27, дигар маводҳо шакли №28 ва 29) пеш бурда мешаванд.

41. Дар дафтари феҳристи алифбоӣ ва варақаи баҳисобгирии оморӣ дар давоми тамоми марҳилаи судӣ, аз лаҳзаи қабул ва оғози баррасӣ то иҷроиши санади судӣ ҳаракати парванда ва мавод инъикос карда мешавад.

42. Доир ба ҳар як парвандаи ҷиноятӣ варақаи баҳисобгирии оморӣ нисбати шахси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда тартиб дода шуда, дар дафтари феҳристи алифбоӣ ба қайд гирифта мешавад.

Бо парвандаи ҷиноятӣ, ки ду ва ё зиёда шахсон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд нисбати ҳар як шахс варақаи баҳисобгирии омории алоҳида тартиб дода шуда, варақаҳо якҷоя нигоҳ дошта мешаванд ва дар дафтари феҳристи алифбоӣ низ дар алоҳидагӣ ба қайд гирифта мешаванд.

43.     Оид ба ҳар як парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ варақаи баҳисобгирии оморӣ тартиб дода шуда, дар дафтари феҳристи алифбоӣ, ба истиснои парвандаҳои иқтисодӣ, аз рӯи парвандаҳои мурофиаи даъвогӣ нисбати ҳар як даъвогар, аз рӯи парвандаҳои аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеомада, бо тартиби мурофиаи махсус баррасигардида ва мурофиаи фармонӣ нисбати ҳар як аризадиҳанда ба қайд гирифта мешавад.

44. Ариза, аризаи даъвогӣ ва шикоят, ки ба суд дохил шудаанд, баъди бақайдгирӣ дар дафтари воридоти муросилот, бо тартиби аз ҷониби раиси суд муқарраргардида, на дертар аз рӯзи дигари корӣ ба судя бо гирифтани дастхат дар дафтари мазкур супорида мешавад.

Судя масъалаи ба баррасии суд қабул намудани ариза, аризаи даъвогӣ ва шикоят дар суди юрисдиксияи умумӣ дар давоми се рӯз, дар суди иқтисодӣ бошад дар мӯҳлати панҷ рӯз аз рӯзи ворид гардидан ҳал намуда, онро барои барасмиятдарорӣ ба шӯъбаи умумӣ месупорад.

Доир ба парвандаи ба истеҳсолоти суд қабулгардида варақаи баҳисобгирии оморӣ тартиб дода мешавад.

Дар сурати рад намудани қабул, баргардонидан ва беҳаракат монондани ариза, аризаи даъвогӣ ва шикоят дар дафтари воридоти муросилот сабти дахлдор гузошта мешавад.

45. Доир ба ҳар як парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ варақаи баҳисобгирии оморӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда тартиб дода шуда, дар дафтари феҳристи алифбоӣ ба қайд гирифта мешавад.

Бо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ду ва ё зиёда шахсон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд нисбати ҳар як шахс варақаи баҳисобгирии омории алоҳида тартиб дода шуда, варақаҳо якҷоя нигоҳ дошта мешаванд ва дар дафтари феҳристи алифбоӣ низ дар алоҳидагӣ ба қайд гирифта мешаванд.

46. Варақаҳои баҳисобгирии омории парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар алоҳидагӣ дар картотекаҳо нигоҳ дошта шуда, рақамҳои охирини бақайдгирӣ дар қисми аввали картотека ҷойгир карда мешаванд.

Дар варақаҳои баҳисобгирии оморӣ ҳамаи сатрҳо бояд бо таври дахлдор пур карда шаванд.

Ба картотекаи соли гузашта бар ивази варақаҳои гирифташуда варақаҳои ивазкунанда гузошта мешавад, ки дар онҳо рақами тартибӣ тибқи рақамгузории соли пешина гузошта шуда, бо сабти рақами нави тартибӣ дар хусуси гузаронидани он ба картотекаи соли ҷорӣ зикр мегардад.

47. Парвандаҳои ҷиноятии бо тартиби айбдоркунии хусусӣ ва парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо муқова дӯхта мешаванд (шак­ли №30).

48. Дар парвандаҳои ҷиноятии аз мақомоти тафтишоти пешакӣ воридшуда, метавонад ҳамон муқовае, ки дар он парванда мавҷуд буд истифода гардад, агар он дар шакли матлуб ва хушсифат қарор дошта бошад. Ҳамзамон дар муқова сабтҳои зарурӣ (номи суд, рақами тартибии парванда ва ғайра) гузошта мешавад. Агар парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи суд бо муқоваи нав дӯхта шавад, бояд муқоваи куҳнаи он, ки дар давраи тафтишоти пешакӣ қарор дошт, нигоҳ дошта шавад.

Дар муқоваи парвандаҳое, ки вобаста ба он судшаванда таҳти ҳабс қарор дорад, бояд муҳри «таҳти ҳабс» ё дар ин маврид сабти саҳеҳ гузошта шавад.

49. Дигар мавод ё пешниҳод дар муқова нигоҳ дошта  шуда, дар он рақами парванда, насаб, ном ва номи падари шахсе, ки нисбат ба ӯ парванда баррасӣ карда мешавад, номи парванда, санаи воридот ба суд ва санаи баррасӣ зикр мегардад.

50.  Маводҳо дар бораи шартан пеш аз мӯҳлат озод намудан аз ҷазо ё ивази ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар (моддаҳои 76, 77 Кодекси ҷиноятӣ), дар бораи кам кардан ё бардоштани мӯҳлати санҷишӣ, дар бораи озод намудан аз ҷазо вобаста ба беморӣ, дар бораи бардоштани доғи судӣ дар дафтари бақайдгирӣ (шакли №31) ва феҳристи алифбоӣ (шакли №32) ба қайд гирифта мешаванд.

Дар судҳои болоӣ парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар марҳилаи якум баррасӣ мегарданд, ба муқова дӯхта мешаванд.

Пешниҳодҳо дар бораи мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм, озод кардан аз адои ҷазо вобаста ба бемории вазнин, шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан, бекор кардани маҳкумкунии шартӣ, иваз кардани шароити нигаҳдошти шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, ҳангоми иҷрои ҷазо ва озод кардан аз қисми адонакардаи он (моддаҳои 390 – 395, 397 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар дафтари бақайдгирӣ (шакли №33) ва феҳристи алифбоӣ (шакли №34) ба қайд гирифта мешаванд.

51. Маводҳо дар бораи татбиқ ва қатъ кардани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дар дафтари бақайдгирӣ (шакли №35) ва феҳристи алифбоӣ (шакли №36) ба қайд гирифта мешаванд.

52. Санаи воридоти парванда ё мавод, ки дар муқова, варақаи баҳисобгирии оморӣ ё дафтари бақайдгирӣ зикр мегар­дад, бояд вақти воқеъии ба суд воридшавии парвандаро инъикос намояд.

Дар парвандаҳо ва аризаҳои даъвогӣ, ки тавассути мақомоти алоқа ба суд ворид шудаанд, ин сана мутобиқи сабте, ки шӯъбаи умумӣ дар рӯзи қабули муросилот гузоштааст, дар парвандаҳо ва аризаҳои даъвогӣ, ки дар қабули шахсӣ гирифта шудаанд, санаи вори­дот мутобиқи сабте, ки судя ҳангоми қабули он гузоштааст, зикр мегардад.

53. Парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, оилавӣ, гражданӣ ва иқтисодӣ, ки баъди бекор кардани ҳукм, ҳалнома, қарор ё таъинот баргардонида шудаанд, ё парвандаҳои ҷиноятие, ки аз мақомоти тафтиш баъ­ди пешбурди тафтиши иловагӣ во­рид шудаанд, дар варақаҳои баҳисобгирии оморӣ аз нав ба қайд гирифта шуда, дар онҳо рақамҳои нави тартибӣ гузошта мешаванд.

Дар феҳристи алифбоӣ, ба истиснои парвандаҳои иқтисодӣ барои парвандаҳои такроран воридшуда сабти нав гузошта мешавад.

54.  Аз рӯи аризаҳое, ки  дар асоси талаботи моддаҳои 137-139 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 127-128 Кодекси мурофиаи иқтисодии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мурофиаи суд қабул карда нашудаанд,  парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ оғоз карда намешаванд. Нусхаи таъинот бо ариза ва замимаҳои он дар суди юрисдиксияи умумӣ дар мӯҳлати се рӯз, дар суди иқтисодӣ на дертар аз рӯзи дигари баровардани он ба аризадиҳанда баргардонида шуда, нусхаи аслии таъинот, нусхаи ариза ва мактуби роҳбаладӣ дар бораи баргардонидани ҳуҷҷатҳо дар бастаи алоҳида нигоҳ дошта мешавад.

55. Аризаҳо дар бораи тавзеҳи ҳалномаи суд, батаъхиргузорӣ ё ба давраҳо ҷудо намудани мӯҳлати иҷрои ҳалнома, тағйир додани тарз ва тартиби иҷрои ҳалнома ва додани варақаи иҷро ба парвандаи дахлдор ҳамроҳ карда шуда, аз рӯи онҳо парвандаи нав оғоз карда намешавад.

56. Мавод дар бораи эълон намудани кофтукови ҷавобгар (қарздор), ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 122 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудааст, дар шӯъбаи умумӣ дар бастаи алоҳида ё дар парвандаи дахлдор нигоҳ дошта мешавад.