↑ Вернуться > ИҶРОИ САНАДҲОИ СУДӢ

ИҶРОИ ҚАРОРҲОИ СУД ВОБАСТА БА ПАРВАНДАҲОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ

иҷрои қарорҳои суд вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

  1. Қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мӯҳлати се шабонарӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани он ба мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки барои амалӣ кардани қарор ваколатдор аст, фиристода мешавад.

Дар сурати қабул гардидани якчанд қарор доир ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ нисбати ҳамон як шахс ҳар як қарор дар алоҳидагӣ ба иҷро расонида мешавад.

  1. Ҷазои маъмурӣ дар намуди огоҳӣ аз ҷониби судя бо роҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор супоридан ё фиристондани он иҷро карда мешавад.
  2. Ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима дар сурати дар мӯҳлати сӣ шабонарӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор, ихтиёран пардохт нашудани ҷарима бо роҳи ба иҷрочии суди маҳалли истиқомати ҳуқуқвайронкунанда фиристодани нусхаи қарор иҷро карда мешавад.
  3. Ҷазои маъмурӣ дар намуди маҳрум кардан аз иҷозатнома барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) бо роҳи бозпас гирифтани иҷозатнома иҷро карда мешавад ва бо ин мақсад нусхаи қарор ба мақомот ё шахси мансабдори дахлдор фиристода мешавад.
  4. Ҷазои маъмурӣ дар намуди маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус аз ҷониби мақомоти ваколатдор, ки назорати давлатиро дар соҳаи муайян амалӣ менамояд бо роҳи гирифтани шаҳодатнома, ки ҳуқуқи махсусро тасдиқ менамояд иҷро карда мешавад ва бо ин мақсад нусхаи қарор ва шаҳодатнома ба мақомот ё шахси мансабдори дахлдор фиристода мешавад.
  5. Ҷазои маъмурӣ дар намуди бо подош гирифтан ё мусодираи ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун иҷро карда мешавад.
  6. Ҷазои маъмурӣ дар намуди бо роҳи маъмурӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи сарҳад ва ё мақомоти корҳои дохилӣ иҷро карда мешавад ва бо ин мақсад нусхаи қарор ва дигар ҳуҷҷати иртиботдошта ба мақомот ё шахси мансабдори дахлдор фиристода мешавад.
  7. Ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабсӣ маъмурӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохила, баъди қабули қарор фавран иҷро карда мешавад.

180. Қарор бо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бораи ҷуброни зарари моддӣ ҳуҷҷати иҷро ба ҳисоб меравад ва иҷроиши он бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» амалӣ карда мешавад.