↑ Вернуться > ДАР БОРАИ МО

ДАР БОРАИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Ноҳияи Рӯдакӣ (порсӣ: ناحیۀ رودکی) — калонтарин ноҳия дар Тоҷикистон аст ва дар бахши марказии кишвар, дар водии Ҳисор ҷой дорад.

Ин ноҳия 21 январи соли 1935 ҳамчун ноҳияи Кӯктош дар вилояти Сталинободи ҶШС Тоҷикистонтаъсис ёфта ва чанд бор номгардон шуд, то ин ки соли 1970 ба ёдбуди 100-умин солгарди зодрӯзиВладимир Ленин ноҳияи Ленин номида шуд.

Бар асоси Қарори № 462 Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2003 ба поси хотири устод Абу Абдуллоҳ Рӯдакӣ ноҳияи Рӯдакӣ номида шуд[1].

Маркази ин ноҳия шаҳраки Сомониён аст, ки 17 км ҷанубтар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Ноҳияи Рӯдакӣ дар водии Ҳисор ҷой дорад. Дар шимол ва шимолу шарқ бо ноҳияҳои ВарзобҲисор,Шаҳринав ва Ваҳдат аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар шарқ ва ҷануб — бо ноҳияҳои Қубодиён,ҶиликӯлХуросон ва Ёвон аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ғарб — бо вилояти СурхондарёиУзбакистон ҳаммарз аст.

Паҳноварии ноҳияи Рӯдакӣ 3302,8 км² аст. Аз шимолу шарқи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷанубу ғарби он рӯди Кофурниҳон гузар мекунад, ки ба рӯди Вахш мерезад.

Бино бар саршумори соли 2010 дар ноҳияи Рӯдакӣ 394,2 ҳаз. тан будааст.[2] Мардуми ноҳияи Рӯдакӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд.

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Рӯдакӣ 3 шаҳрак — Сомониёну Навободу Мирзо-Турсунзода ва 13 ҷамоат дорад[3]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ
Ҷамоат Аҳолӣ
Гулистон 31680
Зайнабобод 36716
Қиблаӣ 10612
Лоҳур 15424
Роҳатӣ 26976
Русия 22162
Сари киштӣ 26584
Султонобод 13180
Чимтеппа 26342
Чоргултеппа 25392
Чортеппа 25400
Чоряккорон 20657
Эсанбой 15920
Ноҳияи Рӯдакӣ
Маркази ноҳия Сомониён
Шаҳракҳо Сомониён • Навобод
Деҳоти Гулистон Гулистон • Болошаҳр • Гулкорон • Дарёбод • Зартеппа  • Мавлавӣ • Майсазор • Меҳан • Муғулон •Сабзикор • Сангтӯда • Тезгари Боло • Тезгари Поён • Ҳалқаҷар • Шаҳристон
Деҳоти Зайнабобод Иқбол • Истиқлол • Кишоварз • Косибон • Мавҷ • Оли Сомон • Рӯмӣ • Садоқат • Сароб • Тоҷикобод •Файзоба • Ҳоҷиён • Шараф • Шафақ
Деҳоти Чоряккорон Чоряккорон • Армуғон • Гиждалобод • Зафар  • Испечак  • Меҳробод • Мирзочӯл • Ҳуснобод • Чавлибоӣ • Чоряккорондара
Деҳоти Чоргултеппа Баҳористон • Заркамар • Зарнисор • Кӯктош • Қарияи Камар • Мадад • Машъал • Навбунёд •Оби Шифо • Орзу • Пахтакор • Рангон • Сада • Саховат • Себистон • Табибон • 8-март • Чаманзор •Чашмасор • Чорсӯ • Шӯрчашма
Деҳоти Лоҳур Лоҳур • Алобайтал • Галахона • Гулисой • Кӯкабулоқ • Қосимобод • Меҳнатобод • Мингиҷар • Наврӯз •Тайлонобод • Тиллообод • Тубек • Хӯҷахушхон  • Ҳаёти Нав
Деҳоти Чимтеппа Гулпарвар • Гулбутта • Дарёбод • Корвон • Қаҳрамон • Обчакорон • Сомон • Ҳосилот • Чимтеппа •Шайнак
Деҳоти Роҳатӣ Теппаи Самарқандӣ  • Ганҷобод • Дара • Дова • Мағмуруд • Меҳтарӣ • Моинкач • Навобод • Нилкон •Охчакман • Роҳатӣ • Хокиалӣ • Шайхон
Деҳоти Эсанбой Эсанбой • Боғак • Ганҷина • Гули Бодом • Зарчашма • Ишқобод • Қалъа • Марғзор • Намозгоҳ •Насими Кӯҳсор  • Пистазор • Сайёд • Сафедчашма • Хоҷабулбулон • Хӯҷабехоб • Ҳоҷибой • Чангоб •Шаббода • Шӯриён
Деҳоти Султонобод Султонобод • Балхӣ • Баракат • Баҳор • Бурма • Бӯстон • Гулизор • Гулоб • Истиқбол • Иттифоқ •Кӯҳдоман • Лолазор • Меҳнат • Меҳргон • Нафтобод • Офтобрӯя • Сабзазор • Сарчашма • Чаманоро •Чолтош
Деҳоти Сари Киштӣ Маҳмадшои Боло • Бурёбоф • Доманакӯҳ • Дӯстӣ • Конститутсия • Лабитал • Маҳмадшои Поён •Навбаҳор • Навобод • Нишони Ленин • Озодии Занон • Сари киштии Боло • Сари киштии Поён •Ҳазора • Ҷавонон • Чортути Поён
Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода Ҳоҷиён • Истиқлол • Коргар • Косибон • Мавҷӣ • Турдиев Саидқул • Румӣ
Деҳоти Чортеппа Ҷӯйбодом • Арбобхотун • Кампирқалъа • Маърифатӣ • Очамайлӣ • Ҷомӣ • Шайнаки чинор •Шайнаки гадо
Деҳоти Қиблаӣ Қиблаӣ • Кӯрпаӣ • Қамчин • Қулписта • Лойоб • Охток • Чаволай • Чаландар • Ҳайронак
Деҳоти Россия Қӯштеппа • Алочабоф • Деҳқонобод • Лоҳутӣ • Соҳибкорон • Фалакон • Чилмеҳроб  • Эшма • Яккатут •Якуми Май