↑ Вернуться > ИҶРОИ САНАДҲОИ СУДӢ

ИҶРОИ ҲАЛНОМА ВА ТАЪИНОТ ОИД БА ПАРВАНДАҲОИ ГРАЖДАНӢ, ОИЛАВӢ ВА ИҚТИСОДӢ

Иҷрои ҳалнома ва таъинот оид ба парвандаҳои

гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ

 

  1. Иҷрои санади судӣ аз додани ҳуҷҷати иҷро оғоз мешавад.

Суд ба ситонанда варақаи иҷроро дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ бо гирифтани дастхат месупорад ё бо мактуби фармоишӣ ирсол менамояд, ба истиснои ҳолатҳои иҷрои фаврӣ, ки ҳангоми он варақаи иҷро баъди баровардани санади судӣ дода мешавад.

Варақаи иҷро ба ситонанда супорида мешавад ё мутобиқи хоҳиши ӯ аз ҷониби суд барои иҷро бевосита ирсол мегардад.

Супоридани фармон барои иҷро мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 133 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

  1. Барои иҷро накардани санади суди иқтисодӣ аз ҷониби бонк ё дигар ташкилоти кредитӣ ва дигар шахсон, чораҳои дар моддаи 306 Кодекси мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда татбиқ карда мешавад.

Дар сурате, ки агар иҷрои санади судӣ боздошт шуда бошад, вақти боздошташуда ба мӯҳлати се сола, ки барои пешниҳоди варақаи иҷро ҷиҳати иҷро муқаррар гардидааст, ба ҳисоб гирифта намешавад.

  1. Варақаи иҷро дар бораи рӯёнидани маблағи пулӣ ё молу мулки дигар ба даромади давлат ба мақомоти ваколатдори давлатии маҳалли истиқомат ё ҷойгиршавии қарздор фиристода мешавад.

Иҷрои санадҳои судӣ бо парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, бо тартиби муайяннамудаи боби 23 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

  1. Дар варақаи иҷро бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:

— номи суде, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст;

— парванда ва маводе, ки вобаста ба он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст ва рақами онҳо;

— санаи баровардани санади судие, ки бояд иҷро гардад;

— номи ситонанда-шахси ҳуқуқӣ ва қарздор-шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи онҳо;

— ному насаби ситонанда-шахси воқеӣ ва қарздор-шахси воқеӣ, маҳалли истиқомати онҳо, таърихи рӯз, ҷои таваллуди қарздор-шахси воқеӣ ва ҷои кори вай;

— қисми хулосавии санади судӣ;

— санаи эътибори қонунӣ пайдо намудани санади судӣ;

— санаи додани ҳуҷҷати иҷро ва мӯҳлати пешниҳоди он барои иҷро;

— маълумот дар бораи суратҳисоби бонкӣ.

Варақаи иҷро аз ҷониби котиби суд таҳия гардида, бо имзои судя ва муҳри нишондори суд тасдиқ карда мешавад. (Шакли №40)

  1. Варақаи иҷро, ки бояд дар ҳудуди суди дигар иҷро шавад, ба иҷрочии суди дахлдор фиристода мешавад.
  2. Бақайдгирии ирсоли варақаи иҷро дар дафтари содиротӣ анҷом дода мешавад.

171. Варақаи иҷро, ки баъди ба иҷро расидан ба суд ворид мегардад, ба парвандаи дахлдор ҳамроҳ карда шуда, дар ин бора дар варақаи баҳисобгирии оморӣ қайд карда мешавад.