↑ Вернуться > ИҶРОИ САНАДҲОИ СУДӢ

ИҶРОИ ҲУКМ, ТАЪИНОТ ВА ҚАРОР ОИД БА ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ

Иҷрои ҳукм, таъинот ва қарор оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ

 

  1. Иҷрои ҳукм, таъинот ва қарор оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ба зиммаи суде гузошта мешавад, ки парвандаро дар марҳилаи якум баррасӣ намудааст.
  2. Ҳукми суди марҳилаи якум пас аз гузаштани мӯҳлати овардани шикоят ё эътирози кассатсионӣ, ба шарте, ки нисбат ба он шикоят ё эътироз оварда нашуда бошад, эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва бояд ба иҷро расонида шавад. Дар сурати шикоят ё эътироз овардан ба тариқи кассатсионӣ ҳукм ба шарте ки бекор нашуда бошад, дар рӯзи баровардани таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ эътибори қонунӣ пайдо мекунад.

Агар ҳукм танҳо нисбат ба яке аз маҳкумшудагон шикоят ё эътироз шуда бошад, он то баррасии тамоми ҳукм дар суди марҳилаи кассатсионӣ ба андозаи пуррааш эътибори қонунӣ пайдо намекунад.

  1. Ҳукм аз ҷониби суди марҳилаи якум дар мӯҳлати на дертар аз се шабонарӯз аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани он ё баргардонидани парванда аз суди марҳилаи кассатсионӣ ба иҷро расонида мешавад.
  2. Фармоиши суд дар бораи ба иҷро расонидани ҳукми эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд нисбати шахсе, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудааст ва таҳти ҳабс қарор дорад, аз ҷониби котиби суд ба сардори тавқифгоҳи тафтишотӣ фиристода мешавад (шакли №38).

Фармоиши суд нисбати шахсе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуда, таҳти ҳабс қарор надорад, барои иҷроиш ба мақомоти корҳои дохилӣ фиристода мешавад.

Хабари мақомоти иҷрокунандаи ҳукм ва муассисаи ислоҳӣ оиди маҳалли адои ҷазо ба парванда ҳамроҳ карда мешавад ва маълумотҳо дар ин хусус ба варақаи баҳисобгирӣ – бақайдгирии оморӣ  дохил карда мешавад.

  1. Нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои корҳои ҳатмӣ ё корҳои ислоҳӣ ё маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян маҳкум шудаанд, адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати онҳо бо муқаррар намудани мӯҳлати санҷишӣ шартан татбиқ карда нашудааст ё мавқуф гузошта шудааст, нусхаи санади судӣ барои назорати рафтори онҳо ба мақомоти маҳаллии СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати ноболиғон бошад ба комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ирсол мегардад.
  2. Санадҳои судӣ, ки аз рӯи натиҷаи баррасии масъалаҳои марбут ба иҷрои ҳукм қабул шудаанд (мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм, озод кардан аз адои ҷазо вобаста ба бемории вазнин, шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан, бекор кардани маҳкумкунии шартӣ, иваз кардани мӯҳлати адонакардаи ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар, иваз кардани корҳои ислоҳӣ ва ҷарима бо чораҳои дигари ҷазо, қатъ кардани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ва аз як намуди муассисаи ислоҳӣ ба намуди дигари муассисаи ислоҳӣ гузаронидани маҳкумшуда) барои иҷро ба мақомоте, ки бо пешниҳоди он масъала баррасӣ шудааст, мақомоте, ки иҷрои ҳукм ба зиммаи он вогузор шудааст ва ба суде, ки ҳукм баровардааст фиристода мешавад.
  3. Ҳукм, қарор ё таъиноти суд нисбати маҳкумшудаи ноболиғ, ки ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ шартан татбиқ карда нашудааст, ё нисбаташ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявӣ татбиқ шудааст, барои иҷро ба комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ё ба муассисаи махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ фиристода мешавад.
  4. Ба маҳкумшудае, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудааст ё нисбаташ ҷарима ба сифати ҷазои иловагӣ таъин гардидааст, баробари супоридани нусхаи ҳукм тавзеҳ дода мешавад, ки ҷаримаро дар давоми сӣ рӯз ба даромади давлат пардохт намояд.

 Дар сурати ихтиёран пардохт нашудани ҷарима ҳукми судӣ бо роҳи маҷбурӣ ба иҷро расонида мешавад.

Варақаи иҷро дар бораи аз ҳисоби маҳкумшуда ба даромади давлат ситонидани ҷарима бо замима намудани ҳукми суд (иқтибос) ба иҷрочии суд фиристода мешавад.

  1. Ҳукми суд, ки мувофиқи он ҷазои иловагӣ дар намуди маҳрум сохтан аз унвонҳои ҳарбӣ ё унвонҳои махсус таъин гардидааст барои иҷро ба мақоме, ки унвонро додааст фиристода мешавад.
  2. Ҳукми суд нисбати маҳкумшудаи дорои уҳдадории ҳарбӣ барои маълумот ба комиссариати ҳарбии маҳалли зисти маҳкумшуда фиристода мешавад (шакли №39).
  3. Санади судӣ дар бораи таъин намудани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ нисбати шахсе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудааст ба муассисаи ислоҳӣ ва нисбати шахсе, ки ба ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда ба муассисаи тиббӣ, ки маҳкумшуда дар он қарор дорад ё ба мақомоти тандурустии маҳалли зисти ӯ барои иҷро фиристода мешавад.
  4. Ҳукми суд ва варақаи иҷро дар бораи мусодираи молу мулки маҳкумшуда, рӯёнидани зарари моддӣ ё маънавӣ барои иҷро ба иҷрочии суд фиристода мешавад. Ба ҳукми суд дар бораи мусодираи молу мулк протокол дар бораи барӯйхатгирӣ ва ҳабси молу мулки маҳкумшуда замима мегардад.
  5. Дар сурати мувофиқи ҳукми суд дар як вақт аз ҳисоби якчанд маҳкумшудагон рӯёнида шудани маблағ варақаҳои иҷро аз рӯи шумораи маҳкумшудагон дода мешавад.
  6. Котиби суд аз рӯи натиҷаи баррасии парвандаи ҷиноятӣ маълумотномаи шакли №6-ро ба мақомоти корҳои дохилӣ ирсол менамояд.
  7. Парвандаи ҷиноятӣ баъди иҷрои санади судӣ ба бойгонии суд супорида мешавад.