↑ Вернуться > МАЪЛУМОТ

ҚАБУЛ ВА БАҲИСОБГИРИИ ШИКОЯТҲОИ КАССАТСИОНӢ, ХУСУСӢ ВА ЭЪТИРОЗҲО

Қабул ва баҳисобгирии шикоятҳои кассатсионӣ, хусусӣ ва эътирозҳо

 

  1. Дар шикоят ва эътирозҳои воридшуда дар хусуси супоридан ба суд шахси ин шикоят ва эътирозро кабулнамуда сабт мегузорад.

Санаи воридшавии шикоят ё эътирози тавассути почта воридшуда аз руи сабт дар лифофа муайян карда мешавад.

  1. Ба иштирокчиёни мурофиа нусхаи шикоят ё эътироз, инчунин нусхаи маводи хаттии ба он замимагардида супорида ё фиристода шуда, дар хусуси рӯзи баррасии парванда дар марҳилаи кассатсионӣ ба онҳо хабар дода мешавад.
  2. Ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи таҳти ҳабс қарордошта тавассути сардори тавқифгоҳи тафтишотӣ нусхаи эътироз ё шикоят супорида шуда, дар бораи вақт ва маҳалли баррасии парванда хабар дода мешавад.
  3. Норозигӣ ба шикоят ё эътироз пешниҳодшуда, ба парванда ҳамроҳ карда мешавад. Дар сурати баъди ба суди марҳилаи кассатсионӣ фиристодани парванда ё мавод ворид шудани шикоят, эътироз ё норозигиҳои иловагӣ онҳо ба суди марҳилаи кассатсионӣ ирсол мегарданд.
  4. Пас аз гузаштани мӯҳлати шикоят ё эътироз нисбат ба ҳукм, ҳалнома, таъинот ё қарор, парванда ё мавод бо мактуби роҳбаладӣ, ки раиси суд имзо намудааст тавассути шӯъбаи умумӣ ба суди марҳилаи кассатсионӣ ирсол мегардад.
  5. Маълумотҳо дар бораи ба суди марҳилаи кассатсионӣ фиристодани парванда ё мавод, бозпас ворид шудани он ба суд ва натиҷаи баррасии шикоят ё эътироз ба варақаи баҳисобгирии оморӣ дохил карда мешавад.

146. Шикоят ва эътирозҳо, ки бо таъиноти судя беҳаракат мононда шудаанд, дар бастаи алоҳида нигоҳ дошта мешавад. Агар норасоиҳо дар мӯҳлатҳои муқарраршуда бартараф карда нашаванд, шикоят ва эътироз пешниҳодшуда ба ҳисоб намеравад ва ба шахси пешниҳоднамудаи шикоят ё эътироз баргардонида мешавад.