↑ Вернуться > МАЪЛУМОТ

НИГОҲДОРИИ ДАЛЕЛҲОИ ШАЙЪӢ

Қабул, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории далелҳои шайъӣ.

  1. Далелҳои шайъӣ ашёе мебошанд, ки аз рӯи мавҷудият, намуди зоҳирӣ, ҷойгиршавӣ ва дигар нишонаҳои хоси худ метавонанд барои муқаррар намудани ҳолатҳои барои ҳалли дурусти парванда аҳамиятдошта истифода шаванд.
  2. Далелҳои шайъӣ дар маҳалли ҷойгиршавии он ё дар маҳалли дигаре, ки суд муайян менамояд, нигоҳ дошта мешаванд. Далелҳои шайъӣ метавонанд дар суд нигоҳ дошта шаванд ба шарте, ки онро суд зарур донад.

Далелҳои шайъӣ мумкин аст барои нигоҳдорӣ ба соҳиби он супорида шаванд. Дар ин маврид, шахс дар бораи масъулият барои нигоҳдории муносиби далелҳои шайъӣ ва ҷавобгарӣ барои нобуд ё бегона кардани онҳо огоҳ карда мешавад.

Далелҳои шайъӣ дар намуди силоҳ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои сахттаъсир, маводҳои манъшуда, хавфнок, инчунин предметҳои калонҳаҷм аз тарафи суд қабул ва дар бинои суд нигоҳ дошта намешаванд.

  1. Далелҳои шайъӣ дар намуди маводҳои зуднобудшаванда аз тарафи суд қабул ва дар бинои суд нигоҳ дошта намешаванд. Мақомоти тафтиши пешакӣ ва ё мақомоти пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ӯҳдадор аст пеш аз ирсоли парванда ба суд барои нигоҳдории далелҳои шайъӣ дар шароити зарурӣ чораҳои дахлдор андешад. Дар бораи ҷой ва шароити нигоҳдории далелҳои шайъӣ ва чораҳои андешидашуда мақомоти пешбурди парванда вазифадор аст ба суд маълумот диҳад.
  2. Далелҳои шайъӣ, ки дар суд нигоҳ дошта намешаванд бо тартиби муқарраршуда азназар гузаронида, аксбардорӣ ва муҳр зада шуда, маводҳои он ба парванда ҳамроҳ карда мешаванд.
  3. Далелҳои шайъии дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ва ҳамин Дастурамал қабул карда, ба ҳисоб гирифта ва нигоҳ дошта мешаванд.
  4. Уҳдадорӣ оид ба қабул, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории далелҳои шайъӣ бо фармони раиси суд ба зиммаи корманди муайяни дастгоҳи суд вогузор карда мешавад.

Дар сурати иваз шудани корманди масъул дар бораи қабул ва супоридани далелҳои шайъӣ ба корманди нав санад тартиб дода мешавад.

  1. Корманди дастгоҳи суд далелҳои шайъиро дар асоси мактуб ё дархосте, ки дар он тамоми ашёҳои супоридашаванда нишон дода шудаанд ва дар ҳолати борпечшуда қабул менамояд.

Корманди дастгоҳи суд далелҳои шайъиро пас аз санҷиши пуррагӣ ва осеб надоштани борпечи он, имзо ва муҳргузорӣ шудани борпеч ва мувофиқат кардани онҳоро бо номгӯи дар мактуб ё дархост ишорашуда қабул мекунад.

Номгӯ ва шумораи далелҳои шайъие, ки қабул карда мешаванд мумкин аст аз рӯи протоколи ёфта гирифтан, протоколи кофтуков ё дигар санаде, ки дорои маълумотҳо оиди номгӯ ва шумораи далелҳои шайъӣ мебошанд низ, санҷида шаванд.

  1. Дар ҳолати аз рӯи намуд ё шумора мувофиқат накардани далелҳои шайъӣ ба номгӯи дар мактуб ишорашуда ё нопуррагӣ ва осеб доштани борпеч ё муҳр, ҳамчунин дар ҳолати кушодани борпеч ду корманди дастгоҳи суд дар ҳузури худи шахсе, ки далелҳои шайъиро дастрас намудааст санад тартиб медиҳанд. Санад аз тарафи ҳамаи иштирокчиён имзо ва ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.

Далелҳои шайъӣ, ки борпечи онҳо ҳангоми қабул кушода шудаанд бо нишон додани номгӯ ва шумораи аслии онҳо аз нав борпеч карда мешаванд.

  1. Далелҳои шайъии пешниҳодшуда метавонанд ҳангоми қабули онҳо борпеч ва мӯҳргузорӣ карда шаванд. Борпеч бояд ҳифзи далелҳои шайъиро аз нобудшавӣ ва осебгирӣ таъмин намояд. Дар борпеч номгӯи далелҳои шайъӣ, шумораи онҳо, рақами парванда ва рақами бақайдгирии онҳо нишон дода мешавад.

Муҳр бояд тавре гузошта шавад, ки бе вайрон кардани он гирифтан ё иваз кардани далелҳои шайъӣ ғайриимкон бошад.

  1. Далелҳои шайъӣ дар рӯзи қабули онҳо ба корманде, ки барои нигоҳдории онҳо масъул аст супорида мешавад.

Далелҳои шайъӣ дар утоқи алоҳида ё шӯъбаи умумӣ, дар ҷевони оҳанин (сейф) дар шароите, ба шахсони бегона дастрас нестанд нигоҳ дошта мешавад.

Далелҳои шайъӣ дар намуди қоғазҳои қимматнок ё маблағҳои пулӣ (маблағҳои калон) метавонанд барои нигоҳдорӣ ба муассисаи бонкӣ супорида шаванд.

  1. Далелҳои шайъии ҳаҷман хурд сурат, қоғаз, маълумотнома ва ғайра қабул ва дар парвандаи ҷиноятӣ ё дар лифофаи алоҳида, ки ба парванда ҳамроҳ аст нигоҳ дошта мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ далелҳои шайъӣ сурат ё ба навори видеоӣ гирифта мешаванд.
  2. Далелҳои шайъӣ барои азназаргузаронӣ ё экспертиза ба судяи раисикунандаи парванда бо гирифтани имзо дар дафтар супорида мешавад. Пас аз азназаргузаронӣ ё экспертиза далелҳои шайъӣ аз нав борпеч карда шуда, барои нигоҳдорӣ ба корманди масъули дастгоҳи суд супорида мешаванд.
  3. Далелҳои шайъӣ дар сурати шикоят шудани санади судӣ мумкин аст ба суди болоӣ ирсол карда шавад, агар дар ин бора суди болоӣ дархост намояд. Далелҳои шайъӣ ба суди болоӣ дар ҳолати борпечшуда ирсол карда мешавад. Пас аз бозпас ба суди марҳилаи якум фиристода шудани парванда далелҳои шайъӣ низ, бояд баробари парванда баргардонида шаванд.
  4. Дафтари баҳисобгирии далелҳои шайъӣ (шакли №41) аз тарафи корманди масъули дастгоҳи суд, ки бо фармони раиси суд таъин гардидааст пеш бурда мешавад.

Дафтар бояд дӯхта, саҳифабандӣ, муҳргузорӣ ва аз тарафи раиси суд имзо шуда бошад.

Дар дафтар санаи воридшавӣ, номгӯи далелҳои шайъӣ, рақами парванда ва ному насаби шахси масъули нигоҳдоранда нишон дода мешавад.

Агар далелҳои шайъӣ ба суд супорида нашуда, дар муассисаи дахлдор нигоҳ дошта шаванд, дар дафтар ҷойи нигоҳдории далелҳои шайъӣ ва шахси масъули нигоҳдоранда нишон дода мешавад.

  1. Далелҳои шайъӣ то эътибори қонунӣ пайдо намудани санади судӣ, ки бо баррасии парванда хотима ёфтааст ва тақдири далелҳои шайъӣ ҳал карда шудааст нигоҳ дошта мешаванд. Қарори суд дар бораи тақдири далелҳои шайъӣ ба дафтари баҳисобгирии далелҳои шайъӣ нишон дода мешавад.
  2. Далелҳои шайъӣ, ки тибқи санади судӣ бояд аз рӯи мансубият баргардонида шаванд, ба соҳибони қонунӣ пас аз муайян кардани шахсият ва ваколати қабулкунанда бо гирифтани дастхат супорида мешаванд. Дар дастхат бояд маълумот дар бораи шахсияти қабулкунанда, номгӯи далелҳои шайъӣ, ки супорида мешаванд, ҳолати далелҳои шайъӣ ва дигар ҳолатҳои зарурӣ нишон дода шаванд. Ба дастхат бояд нусхаи шиносномаи шахсе, ки далелҳои шайъиро қабул менамояд ва ваколатномаи намоянда ҳамроҳ карда шавад. Маълумотҳо дар бораи баргардонидани далелҳои шайъӣ ба дафтари баҳисобгирии далелҳои шайъӣ ворид карда мешаванд.

Барои бо чунин тартиб баргардонидани далелҳои шайъӣ, ки дар суд нигоҳ дошта мешаванд варақаи иҷро дода намешавад.

Дар сурати дар ҷойҳои дигар нигоҳ дошта шудани далелҳои шайъӣ баргардонидани онҳо дар асоси варақаи иҷро аз ҷониби иҷрочии суд анҷом дода мешавад.

  1. Дар сурати тибқи санади судӣ дар ихтиёри худи шахси нигоҳдоранда мононда шудани далелҳои шайъӣ ба охирон иқтибос аз санади судӣ ирсол гардида, фаҳмонида мешавад, ки далелҳои шайъӣ дар ихтиёри ӯ мононда шудаанд ва ҳама гуна маҳдудият вобаста ба ихтиёдорӣ, соҳибӣ ва истифодаи онҳо бардошта мешаванд. Барои бо чунин тартиб баргардонидани далелҳои шайъӣ варақаи иҷро дода намешавад.
  2. Далелҳои шайъӣ дар намуди қоғазҳои қимматнок ё маблағҳои пулӣ, ки дар муассисаҳои бонкӣ нигоҳ дошта мешаванд аз тарафи корманди бонк дар асоси иқтибос аз санади судӣ ва мактуби суд баргардонида мешаванд.
  3. Далелҳои шайъие, ки дар ташкилот ё муассисаи дигар нигоҳ дошта мешаванд дар асоси варақаи иҷро баргардонида мешаванд.
  4. Агар шахс аз гирифтани далелҳои шайъӣ даст кашад далелҳои шайъӣ, ки арзиш доранд ва хосиятҳои истеъмолии худро гум накардаанд бо риояи тартиби муқарраршуда ба даромади давлат гузаронида мешаванд. Далелҳои шайъӣ, ки арзиш надоранд ва хосиятҳои истеъмолии худро гум кардаанд маҳв карда мешаванд. Ҳуҷҷатҳо дар бораи ба даромади давлат гузаронидан ва ё маҳв кардани далелҳои шайъӣ ба парванда ё маводи дахлдор ҳамроҳ карда мешаванд.
  5. Далелҳои шайъӣ, ки мувофиқи санади судӣ бояд маҳв карда шаванд ва дар суд нигоҳ дошта мешаванд аз тарафи комиссия бо тартиб додани санад маҳв карда мешаванд. Ба ҳайати комиссия судя – раисикунандаи парванда, котиби маҷлиси судӣ ва шахси масъули нигоҳдорандаи далелҳои шайъӣ дохил шуда метавонанд. Раиси суд метавонад комиссияи доимоамалкунандаро таъсис диҳад.

Санад ва дигар ҳуҷҷатҳо дар бораи маҳв кардани далелҳои шайъӣ ба парванда ё маводи дахлдор ҳамроҳ карда мешаванд.

Санади судӣ дар бораи маҳв кардани ашёе, ки дар ҷойҳои дигар нигоҳ дошта мешавад, аз ҷониби мақомоти дахлдор бо тартиби муқарраршуда иҷро карда мешавад ва бо ин мақсад варақаи иҷро дода мешавад.

  1. Истифода, аз ҷумла истифодаи муваққатии далелҳои шайъӣ бо мақсадҳои хизматӣ ва бо дигар мақсадҳо манъ аст.
  2. Масъулияти нигоҳдории далелҳои шайъӣ, ки дар худи парванда мебошанд ба зиммаи раисикунандаи парванда — судя вогузор карда мешавад.

Масъулияти нигоҳдории далелҳои шайъӣ, ки алоҳида аз парванда нигоҳ дошта мешаванд ба зиммаи шахси масъул, ки бо фармони раиси суд таъин карда шудааст вогузор карда мешавад.

  1. Санади судӣ оиди ба фоидаи давлат гузаронидани далелҳои шайъӣ дар асоси варақаи иҷро аз ҷониби иҷрочии суди маҳалли нигоҳдории онҳо иҷро карда мешавад.
  2. Шиноснома, дафтарчаҳои ҳарбӣ, дафтарчаҳои меҳнатӣ, ордену медалҳо ва ҳуҷҷатҳои шахсии аз дастгиршудагон гирифташуда ба парванда замима гардида, дар лифофаи муҳршудаи алоҳида нигоҳ дошта шуда, дар сурати қатъи парванда ё озод намудани дастгиршуда аз ҳабс ин ҳуҷҷатҳо бояд ба соҳибонашон баргардонида шаванд.

206. Риоя шудани тартиби баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва супоридани далелҳои шайъӣ таҳти назорати доимии раиси суд ва сардори шӯъбаи умумӣ қарор дода мешавад.