↑ Вернуться > МАЪЛУМОТ

ТАЙЁР НАМУДАН ВА БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ НУСХАИ САНАДҲОИ СУДӢ

Тайёр намудан ва ба расмият даровардани нусхаи санадҳои судӣ

  1. Санади судӣ — нусхаи аслии санади судӣ дар як нусха тартиб дода шуда, ба парванда ва ё маводи дахлдор ҳамроҳ карда мешавад. Нусхаи аслии санади судӣ аз парванда ё мавод гирифта намешавад. Ба ягон шахс супоридани нусхаи аслии санади судӣ роҳ дода намешавад.
  2. Барои супоридан ба шахсони иштирокчии парванда ва нигоҳдорӣ дар бойгонӣ нусхаҳои санади судӣ омода гардида, дурустӣ ва мутобиқати онҳо ба нусхаи аслӣ бо имзои судя ва муҳри нишондори суд тасдиқ карда мешавад.

Нусхаи санади судӣ метавонад бо ҷойгир намудани ду саҳифа дар як варақ тайёр карда шавад.

  1. Нусхабардорӣ ва чоп кардани нусхаи санади судӣ бо истифодаи таҷҳизоти компютерӣ аз нусхаи аслии санади судӣ амалӣ мегардад.
  2. Нусхаи санади судӣ, ки аз се ва зиёда саҳифаҳо иборат аст, бо дархости иштирокчии мурофиа бо ришта дӯхта, рақамгузорӣ карда мешавад. Ресмонҳо дар саҳифаи охирони нусха баста шуда, болои он қоғаз часпонида мешавад. Дар қоғази часпонидашуда имзои корманди суд ва муҳри суд гузошта мешавад. Муҳри суд тавре гузошта мешавад, ки қисми қоғази часпонидашуда ва имзои корманди судро дарбар гирад.
  3. Ба шахсони иштирокчии парванда нусхаи санадҳои судӣ бо гирифтани дастхат супорида мешавад ва ё бо воситаи почта бо мактуби фармоишӣ ва гирифтани огоҳномаи супоридан ирсол карда мешавад.
  4. Нусхаи санадҳои судӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун новобаста аз дархости шахсони иштирокчии парванда ва ё мавод ба мақомот ва шахсони дахлдор ирсол карда мешаванд.
  5. Такроран супоридани нусхаи санади судӣ дар асоси дархости шахсони иштирокчии парванда дар мӯҳлати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ амалӣ карда мешавад. Дархости мазкур ва дастхат дар бораи гирифтани он ба маводҳои парванда ҳамроҳ карда мешавад.
  6. Аз рӯи дархости асоснок ба шахси иштирокчии парванда мумкин аст якчанд нусхаи санади судӣ дода шавад.
  7. Нусхаи санади судӣ дар сурати пешниҳоди шиноснома ё ҳуҷҷати дигари муайянкунандаи шахсият ва ба намоянда бошад, ҳамзамон дар асоси ҳуҷҷате, ки ваколатҳои намояндагиро тасдиқ менамояд супорида мешавад.

126.  Ҳуҷҷатҳои аслӣ, ки ба парванда ҳамроҳ карда шудаанд мумкин аст пас аз эътибори қонунӣ пайдо намудани санади судӣ, дар асоси дархости шахсони иштирокчии парванда ва бо иҷозати судя ё раиси суд баргардонида шаванд. Дар ин сурат, дар парванда нусхаи тасдиқкардашудаи  чунин ҳуҷҷатҳо нигоҳ дошта мешаванд.