↑ Вернуться > МАЪЛУМОТ

ШИНОС ШУДАН БО ПАРВАНДА ВА МАВОДҲО

Шинос шудан бо парванда ва маводҳо

 

  1. Шинос шудан бо парванда, мавод ва ҳуҷҷатҳои алоҳидаи судӣ дар асоси аризаи муроҷиаткунанда, дар бинои суд бо иҷозати раиси суд ё судя дар рӯзҳои корӣ аз соати 08.00 то 17.00 дақиқа сурат мегирад.
  2. Корманди масъули дастгоҳи суд то пешниҳоди парванда ё маводҳо барои шиносоӣ шахсияти муроҷиаткунанда ва ваколати намояндаро бо гирифтани шиноснома, ваколатнома, ордер ё ҳуҷҷати дигари муайянкунандаи шахсият ва ваколат мавриди санҷиш қарор медиҳад. Дар сурати пешниҳод нашудани чунин ҳуҷҷатҳо шиносоӣ то пешниҳоди онҳо мавқуф гузошта мешавад.
  3. Корманди дастгоҳи суд пас аз пурра муайян кардани шахсият ва ваколати шахс парванда ё маводро барои шиносоӣ пешниҳод менамояд ва дар ин бора, имзои шахсро дар худи ариза ё дар дастхати алоҳида мегирад.

Парванда ва маводҳо баъди ба расмият даровардан: дӯхта, рақамгузорӣ ва рӯйхат шудани онҳо, барои  шиносоӣ пешниҳод мешаванд.

  1. Шиносоӣ бо парванда ё маводҳо дар утоқи алоҳида таҳти назорати корманди масъули дастгоҳи суд, дар шароите, ки нобуд кардан, ислоҳ намудан, тағйирот даровардан ва гирифтани парванда ё маводро истисно менамояд, гузаронида мешавад.

Ҳангоми шиносоӣ муроҷиаткунанда ҳуқуқ дорад аз маводҳои парванда ё мавод иқтибос ё нусха гирад.

  1. Зимни шиносоӣ бо парванда ё мавод бо сабаби ба охир расидани вақти корӣ мумкин аст танаффус карда шуда, парванда ба корманди суд супорида шавад. Пас аз анҷоми танаффус бе аризаи такрорӣ парванда ё мавод барои шиносоӣ пешниҳод карда мешавад.
  2. Корманди масъули дастгоҳи суд паз пас аз ба анҷом расидани шиносоӣ парванда ва ё маводҳоро аз ҷиҳати ҷой надоштани тағйирот, ислоҳ ва ба рӯйхат мутобиқат кардани ҳуҷҷатҳо мавриди санҷиш қарор дода, қабул менамояд.

Дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои тағйирот, ислоҳ ва ба рӯйхат мутобиқат накардани ҳуҷҷатҳои парванда ё мавод аз ҷониби корманди  масъули дастгоҳи суд санад тартиб дода мешавад.

  1. Имзои шахс дар бораи шинос шудан бо парванда ё мавод бо нишон додани насаб, ном, номи падари шахс, вақт ва ҷойи шиносоӣ дар худи дархост ё дастхати алоҳида гирифта мешавад. Дархост ва дастхат ба парванда ва маводи дахлдор ҳамроҳ карда мешавад.
  2. Шиносоӣ бо протоколи маҷлиси судӣ бо мақсади пешниҳоди эрод дар мӯҳлати муқарраршуда аз тарафи раисикунандаи парванда ва котиби маҷлиси судӣ анҷом дода мешавад.

139. Дар сурати дар суди марҳилаи кассатсионӣ ё назоратӣ қарор доштани парванда ё мавод шиносоӣ бо тартиби дар боло зикршуда анҷом дода мешавад.