↑ Вернуться > МАЪЛУМОТ

ХАБАРНОМА ВА ДАЪВАТИ СУДӢ

Хабарнома ва даъвати судӣ

  1. Шахсони иштирокчии мурофиа дар бораи оғоз, омодасозӣ ва баррасӣ, гузаронидани амалҳои ҷудогонаи мурофиавӣ ва дигар масъалаҳо, бо воситаи мактуби супоришӣ бо огоҳонидан оид ба супоридани он, ба воситаи даъвати судӣ бо огоҳонидан оид ба супоридани он, ба воситаи телефонограмма ё телеграмма, ба воситаи алоқаи факсималӣ ё бо воситаи дигари алоқа ва дастраскунӣ, ки супоридани хабарнома ва даъвати судӣ ва супоридани онро ба шахси қабулкунанда сабт мекунад, хабардор ё даъват карда мешаванд.

 Даъватнома ё хабарномаи судӣ (шакли №37) аз ҷониби хаткашон, пристави суд ё бо супориши судя аз тарафи корманди дигари дастгоҳи суд расонида мешавад.

Дастхат дар бораи қабули хабарнома ё даъвати судӣ ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.

  1. Ба шахсони иштирокчии парванда, инчунин намояндаҳо даъватнома бояд тарзе супурда шавад, ки онҳо барои саривақт ҳозир шудан ба суд ва омодагӣ ба парванда вақти кофӣ дошта бошанд. Хабарномаи судӣ тибқи суроғаи зикрнамудаи тарафҳо ё дигар шахсони иштирокчии парванда расонида мешавад. Агар дар суроғаи ба суд иттилоъдодашуда шаҳрванд воқеан зиндагӣ накунад, даъватнома мумкин аст ба ҷои кори ӯ расонда шавад. Даъватнома ба суроғаи шахсони ҳуқуқӣ ба маҳалли ҷойгиршавии онҳо фиристода мешавад.
  2. Котиби маҷлиси судӣ даъватнома ва хабарномаҳои судиро бо назардошти намуди парванда аз рӯи шаклҳои муайяннамудаи ҳамин дастурамал таҳия менамояд.
  3. Бо парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ ҳамзамон бо хабарнома ва даъвати судӣ мумкин аст нусхаи аризаи даъвогӣ ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимагардида ирсол карда шаванд. Якҷоя бо хабарнома ё даъвати судие, ки ба унвони аризадиҳанда фиристода шудааст, инчунин мумкин аст ҳуҷҷатҳои дигар фиристода шаванд.
  4. Хабарнома ё даъвати судӣ тавассути почта ё ба воситаи дигар шахсоне, ки судя ба онҳо супоридани онҳоро супориш додааст, расонида мешавад. Вақти супурдани хабарнома ё даъвати судӣ ба шахси хабаршуда ё даъватшуда дар ҳошияи даъвати супурдашуда ё дар нусхаи дуюми хабарнома, ки бояд ба суд баргардонида шавад, сабт мегардад.

Суд метавонад бо розигии шахси иштирокчии парванда ба ӯ хабарнома ё даъвати судиро барои супоридан ба шахси дигари вобаста ба парванда хабаршаванда ё даъватшаванда диҳад. Шахсе, ки барои расонидани хабарнома ё даъват аз суд супориш гирифтааст, ӯҳдадор аст ба суд ҳошияи даъват ё нусхаи дуюми хабарномаро, ки қабулкунанда оид ба гирифтани даъват ё хабарнома имзо кардааст, баргардонад.

  1. Ба шаҳрванд хабарнома ё даъвати судӣ шахсан бо гирифтани имзои ӯ дар ҳошияи даъват ё нусхаи дуюми хабарнома, ки бояд ба суд баргардонида шавад, супорида мешавад. Хабарнома ё даъвати судӣ ба унвонии ташкилот ба шахси мансабдори дахлдор, ки дар ҳошияи даъват ё нусхаи дуюми хабарнома имзо мегузорад, супурда мешавад.

Агар шахсе, ки бояд хабарнома ё даъвати судиро расонад, шаҳрванди вобаста ба парванда хабаршаванда ва ё даъватшавандаро дар маҳалли истиқомат ё ҷойи кори ӯ пайдо карда натавонад, пас хабарнома ё даъвати судиро ба яке аз аъзои болиғи оилаи ҳамроҳи ӯ истиқоматкунанда бо розигии ӯ ва ҳангоми набудани онҳо ба ташкилоти истифодаи манзилӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллии маҳалли истиқомати хабаршаванда ё даъватшаванда ё маъмурияти ҷойи кор супурда мешавад. Дар ҳолатҳои зикргардида шахсе, ки хабарнома ё даъвати судиро бояд расонад, ӯҳдадор аст дар ҳошияи даъват ё нусхаи дуюми он насаб, ном, номи падар, инчунин муносибати худро ба шахси хабаршаванда ё даъватшаванда (ҳамсар, падар, модар, писар, духтар ва ғайра) ё вазифаи ишғолнамудаашро зикр кунад ва дар мӯҳлати кӯтоҳтарин, бетаъхир онро ба шахси қабулкунанда супорад.

Ҳангоми муваққатан дар маҳалли истиқомат ва ҷои кор набудани шахси даъватшаванда ё хабаршаванда, шахсе, ки бояд даъват ё хабарномаро расонад, дар ҳошияи даъват ё нусхаи дуюми хабарнома бояд сабт кунад, ки шахси даъватшаванда ё хабаршаванда ба куҷо сафар кардааст ва дар кадом мӯҳлат баргаштанаш имконпазир мебошад. Ин маълумот бояд аз ҷониби ташкилоти истифодаи манзилӣ, мақоми худидоракунии маҳаллии маҳалли истиқомат ё маъмурияти ҷойи кори шахси даъватшаванда ё хабаршаванда тасдиқ карда шавад.

  1. Ҳангоми аз ҷониби хабаршаванда ё даъватшаванда рад намудани қабули хабарнома ё даъват шахси расонандаи он дар хабарнома ё даъват оид ба рад намудани қабули хабарнома ё даъват аз ҷониби хабаршаванда ё даъватшаванда қайди дахлдор мегузорад, ки он ба суд баргардонида мешавад. Сабти рад намудани қабули хабарнома ё даъватро ташкилоти дахлдори истифодаи манзилӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллии маҳалли истиқомат ё маъмурияти ҷойи кори шахси даъватшаванда ё хабаршаванда тасдиқ менамоянд, агар хабарнома ё даъват барои расонидан ба онҳо супорида шуда бошад.

Шахсе, ки қабули даъват ё хабарномаро рад намудааст, оид ба вақт ва маҳалли муҳокимаи судӣ ё анҷом додани амалиёти алоҳидаи мурофиавӣ хабардоршуда ба ҳисоб меравад. Рад намудани қабули даъват ё хабарнома барои баррасии парванда монеъ намешавад.

  1. Шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ дар бораи вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ё гузаронидани амали алоҳидаи мурофиавӣ ба воситаи фиристодани нусхаи таъиноти судӣ на дертар аз понздаҳ рӯз то саршавии маҷлиси судӣ ё гузаронидани амали мурофиавӣ хабардор карда мешаванд, агар аз рӯи Кодекси мазкур дигар ҳолатҳо пешбинӣ нашуда бошанд.
  2. Нусхаи таъиноти судӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ ба суроғаи нишондодаи шахси иштироккунандаи парванда ё ин ки дар маҳалли ҷойгиршавии ташкилот (филиал, намояндагии шахси ҳуқуқӣ, ки агар даъво аз фаъолияти онҳо ба вуҷуд омада бошад) ё ба маҳалли зисти шаҳрванд фиристонида мешавад. Маҳалли ҷойгиршавии ташкилот аз рӯи маҳалли бақайдгирии давлатии он муайян карда мешавад, агар тибқи қонун дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ дигар ҳолат муқаррар нашуда бошад.
  3. Шахсони хориҷӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ бо қоидаҳои муқарраркардаи боби 12 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор карда мешаванд, агар аз рӯи Кодекси мазкур ё санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳолатҳои дигар пешбинӣ нашуда бошанд.
  4. Нусхаи таъиноти судӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ тавассути почта бо мактуби фармоишӣ ва бо огоҳ намудан дар бораи супоридан ё ин ки бо роҳи бевосита супоридан ба шахси қабулкунанда дар суди иқтисодӣ ё маҳалли ҷойгиршавии шахси қабулкунанда, дар ҳолатҳои таъхирнопазир бошад, ба воситаи телефонограмма, телеграмма, алоқаи факсималӣ ё почтаи электронӣ ё ин ки бо истифода аз дигар воситаҳои алоқа фиристода мешавад.
  5. Агар нусхаи таъиноти судӣ бевосита ба шахси гирандаи ҳуҷҷат ё ба намояндаи ӯ дар суди иқтисодӣ ё ин ки дар маҳалли ҷойгиршавӣ супорида шавад, супоридани нусхаи таъиноти судӣ бо гирифтани дастхат амалӣ карда мешавад.
  6. Дар ҳолате, ки агар нусхаи таъиноти судӣ ба шахси гирандаи ҳуҷҷат ба воситаи телефонограмма, телеграмма, алоқаи факсималӣ ё почтаи электронӣ ё ин ки бо истифодаи дигар воситаи алоқа фиристода шавад, дар нусхаи матни супоридашуда, ки дар суди иқтисодӣ мемонад, насаб, ном ва номи падари шахси супорандаи ин матн, сана ва вақти супоридани он, ҳамчунин фамилияи шахсе, ки онро қабул кардааст, нишон дода мешавад.
  7. Агар шахси гирандаи ҳуҷҷат гирифтани нусхаи таъиноти судиро рад кунад, шахсе, ки онро бурда мерасонад ё месупорад, дар ин бора дар огоҳиномаи супоридан бояд қайд кунад ё дар нусхаи таъиноти судӣ, ки бояд ба суди иқтисодӣ баргардонида шавад, сабт намояд.
  8. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи фиристонида шудани нусхаи таъиноти судӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ ва аз тарафи шахси гирандаи ҳуҷҷат қабул кардани он, ки бо тартиби муқарраргардида (огоҳинома дар бораи супоридан, забонхат, дигар ҳуҷҷатҳо) амалӣ мегардад, ба маводҳои парванда ҳамроҳ карда мешаванд.
  9. Шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодӣ ба таври дахлдор хабардоркардашуда ба ҳисоб мераванд, агар то саршавии маҷлиси судӣ, гузаронидани амали алоҳидаи мурофиавӣ суди иқтисодӣ дар бораи аз ҷониби шахси гирандаи ҳуҷҷат қабул карда шудани нусхаи таъиноти судии ба ӯ ирсолшуда маълумот дошта бошад.
  10. Шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ ба таври дахлдор хабардоркардашуда низ ба ҳисоб мераванд, агар:

— шахси гирандаи ҳуҷҷат қабули нусхаи таъиноти судиро рад кардааст ва ин раддия ба расмият дароварда шудааст;

— ба хабарномаи почта нигоҳ накарда, шахси гирандаи ҳуҷҷат барои қабули нусхаи таъиноти судӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ бо тартиби муқарраркарда ирсолнамуда ҳозир нашудааст ва дар ин бора мақомоти алоқа суди иқтисодиро хабардор кардааст;

— аз ҷониби суди иқтисодӣ нусхаи ирсолгардидаи таъиноти судӣ ба суроғаи охирини маҳалли ҷойгиршавии ташкилот, маҳалли зисти шаҳрванд бо сабаби дар ин суроға набудани шахсе, ки ҳуҷҷатро бояд қабул намояд, супорида нашудааст ва дар ин бора мақомоти алоқа суди иқтисодиро хабардор кардааст.

  1. Шахсони иштироккунандаи парванда ӯҳдадоранд дар хусуси тағйир ёфтани суроғаи худ ҳангоми баррасии парванда суди иқтисодиро огоҳ намоянд. Ҳангоми набудани чунин иттилоот нусхаи таъиноти суд тибқи суроғаи охирини барои суд маълум ирсол мегардад ва шахси гирандаи ҳуҷҷат дар ин суроға минбаъд зиндагӣ накарда бошад ҳам, расонидашуда ба ҳисоб меравад.
  2. Дар мавриде, ки шахси иштироккунандаи парванда ба суди иқтисодӣ рақами телефон, факс, суроғаи почтаи электронӣ ва ё дигар хабари ба ин монандро расонида бошад, дар мавриди тағйирёбии он дар ҷараёни баррасии парванда бояд ба суди иқтисодӣ хабар диҳад.

106. Бо парвандаҳои ҷиноятӣ, ки вобаста ба он судшаванда таҳти ҳабс қарор дорад ва бо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз рӯи он ҳуқуқвайронкунанда дастгир карда шудааст, хабарнома дар бораи вақт ва маҳалли баррасии парванда ба мақомоти корҳои дохилӣ ва муассисаи нигоҳдорӣ фиристода мешавад.