↑ Вернуться > КОРГУЗОРӢ

ХУСУСИЯТҲОИ КОРГУЗОРӢ БО ПАРВАНДАҲОИ ГРАЖДАНӢ

Хусусиятҳои коргузорӣ бо парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва  иқтисодӣ ба муҳокимаи судӣ омода намудани парванда ва таъини муҳокимаи судӣ

  1. Парвандаи гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ дар асоси таъиноти судя дар бораи ба мурофиаи суд қабул намудани ариза, аризаи даъвогӣ, шикоят ва оғози баррасии парванда оғоз карда мешавад.
  2. Парвандаи гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи дигари қабули таъиноти судя бо қайд намудан дар дафтар, кушодани варақаи баҳисобгирии оморӣ ва муқова кардан ба расмият дароварда шуда, ба судя — раисикунандаи парванда бо гирифтани имзояш супорида мешавад.
  3. Ба муҳокимаи судӣ омода намудани парвандаи гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ дар асоси таъиноти судя анҷом дода мешавад ва аз рӯзи қабули чунин таъинот оғоз мегардад.
  4. Котиби маҷлиси судӣ ӯҳдадор аст бо таъиноти судя дар бораи омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ шинос шуда, иҷроиши саривақтии онро таъмин намояд.
  5. Котиби маҷлиси судӣ дар марҳилаи омода намудани парвандаи гражданӣ ва оилавӣ ба муҳокимаи судӣ бо супориши судя амалҳои зеринро иҷро менамояд:

— ариза, аризаи даъвогӣ, шикоят ва тавзеҳномаи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мурофиавии шахсони иштирокчии парвандаро ба шахсони иштирокчии парванда бо гирифтани дастхат месупорад ё тавассути почта ирсол менамояд;

— ариза, дархост ва ҳуҷҷатҳои дигари пешниҳоднамудаи тарафҳоро, ки судя қабул кардааст ба парванда ҳамроҳ намуда, нусхаи онҳоро ба шахсони иштирокчии парванда ирсол менамояд ё месупорад;

— ба тарафҳо дар бораи талаб карда гирифтани далелҳое, ки онҳо наметавонанд мустақилона ба даст оранд дархости судӣ медиҳад;

— нусхаи таъинот дар бораи супориши судӣ, таъмини даъво,  таъини экспертиза, варақаи иҷроро ирсол менамояд;

— амалҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ намудааст, иҷро менамояд.

Котиби маҷлиси судӣ дар марҳилаи омодасозии парвандаи иқтисодӣ ба муҳокимаи судӣ бо супориши судя амалҳои зеринро иҷро менамояд:

— бо супориши раисикунанда ба маҷлиси пешакии судӣ ҳозир шудани шахсонеро, ки дар мурофиаи судӣ бояд иштирок намоянд, месанҷад;

-протоколи маҷлиси пешакии судиро тартиб дода, дар протоколи маҷлиси пешакии судӣ ҳамаи амал ва қарорҳои суди иқтисодиро пурра ва дуруст инъикос карда, дар баробари он ҳаракатҳои иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодиро, ки дар рафти маҷлиси пешакии судӣ ҷой доштанд, дарҷ менамояд.

  1. Котиби маҷлиси судӣ баъди таъин шудани парванда ба муҳокимаи судӣ дар бораи вақт ва маҳалли баррасии он на дертар аз се рӯз то оғози маҷлиси судӣ ба шахсони иштирокчии парванда хабар медиҳад.
  2. Котиби маҷлиси судӣ рӯзи муҳокимаи судӣ ва минбаъд то ба итмом расидани парванда амалҳои зеринро анҷом медиҳад:

— толори судиро барои маҷлиси судӣ омода менамояд;

— ҳозир шудани шахсони иштирокчии парвандаро санҷида, дар ин бора ба раисикунанда ахборот пешниҳод менамояд;

— амалҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ намудааст иҷро менамояд.

  1. Котиби маҷлиси судӣ баъди ба итмом расидани парвандаи гражданӣ ё оилавӣ ӯҳдадор аст:

— дар мӯҳлати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи ба итмом расидани парванда ё боздошта шудани пешбурди парванда протоколи маҷлиси судиро таҳия ва имзо намояд;

— дар мӯҳлати на дертар аз панҷ шабонарӯз аз рӯзи ба итмом расидани парванда нусхаи санади судиро ба шахсони иштирокчии парванда супорад;

— дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи корӣ аз рӯзи воридшавӣ нусхаи шикоят ва эътирозҳои нисбати санади судӣ овардашударо ба шахсони иштирокчии парванда супорад.

  1. Котиби маҷлиси судӣ баъди ба итмом расидани парвандаи иқтисодӣ ӯҳдадор аст:

— дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи дигари ба анҷом расидани маҷлиси судӣ ва протокол дар бораи анҷом додани амали алоҳидаи мурофиавиро бевосита баъди анҷом ёфтани амали алоҳидаи мурофиавӣ тартиб дода, имзо намояд;

— дар мӯҳлати на дертар аз панҷ рӯзи ба итмом расидани баррасии парванда нусхаи санади судиро ба шахсони иштирокчии парванда супорад;

— парвандаи иқтисодиро бояд дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ ба шӯъбаи умумӣ супорад;

— дар бораи ҷараёни муҳокимаи судӣ, аз ҷумла таъини муҳокимаи судӣ, мавқуф гузоштан, боздоштан, аз нав оғоз намудан ва натиҷаи баррасии парванда ва маводҳо барои ворид намудани маълумотҳои зарурӣ ба варақаи бақайдгирии оморӣ ба шахси масъули шӯъбаи умумӣ маълумот пешниҳод намояд;

-парванда ва маводҳоро бо пайдарҳамии хронологӣ дӯхта, саҳифагузорӣ ва рӯйхат карда, ба шӯъбаи умумӣ супорад.

  1. Парвандаи гражданӣ ё оилавӣ бояд дар мӯҳлати на дертар аз се  рӯз аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ ба шӯъбаи умумӣ супорида шавад.
  2. Котиби маҷлиси судӣ дар бораи ҷараёни муҳокимаи судӣ: таъини муҳокимаи судӣ, мавқуф гузоштан, боздоштан, аз нав оғоз намудан ва натиҷаи баррасии парванда ва маводҳо барои ворид намудани маълумотҳои зарурӣ ба варақаи бақайдгирии оморӣ ба шахси масъули шӯъбаи умумӣ маълумот пешниҳод менамояд.

78. Котиби маҷлиси судӣ парванда ва маводҳоро бо пайдарҳамии хронологӣ дӯхта, саҳифагузорӣ ва рӯйхат карда ба шӯъбаи умумӣ месупорад.