↑ Вернуться > КОРГУЗОРӢ

ХУСУСИЯТҲОИ КОРГУЗОРӢ БО ПАРВАНДАҲОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ

Хусусиятҳои коргузорӣ бо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, таъини муҳокимаи судӣ ва омодагӣ ба он

 

  1. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ рӯзи номнавис шудан ба судя супорида шуда, дар ин бора ба дафтар ва варақаи бақайдгирӣ – баҳисобгирии оморӣ маълумот ворид карда мешавад.
  2. Ба қайд гирифтан, ба раиси суд пешниҳод намудан, номнавис кардан ва ба судя супоридани парванда оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие,  ки содир кардани он боиси татбиқи ҷазои ҳабси маъмурӣ ва ё бо роҳи маъмурӣ берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад,  фавран анҷом дода мешавад.
  3. Дар марҳилаи омодагӣ ба муҳокимаи судӣ котиби маҷлиси судӣ бо супориши судя амалҳои зеринро анҷом медиҳад:

— маълумотҳоро дар бораи таъини муҳокимаи судӣ бо ишораи насаб, ном ва номи падари ҳуқуқвайронкунанда, вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ба рӯйхати парвандаҳо, ки барои баррасӣ таъин шудаанд ворид намуда, дар даромадгоҳи суд насб менамояд;

— ба ҳуқуқвайронкунанда ва ҷабрдида супорида шудани нусхаи қарор дар бораи оғоз намудани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро мавриди санҷиш қарор дода, дар сурати иҷро нагардидани талаботи мазкур барои ба онҳо супоридани нусхаи санадҳои номбурда чораҳо меандешад;

— дар ҳолатҳои зарурӣ тарҷумонро ҷиҳати иштирок дар баррасии парванда ҷалб менамояд;

— ба ҳуқуқвайронкунанда, ҷабрдида, ҳимоятгар, намояндагони онҳо барои шинос шудан бо парванда шароит фароҳам меоварад;

— ариза, дархост, шикоят ва дигар муроҷиатҳои воридшударо ба парванда ҳамроҳ намуда, нусхаи онҳоро ба дигар шахсони иштирокчии парванда ирсол менамояд;

— шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вақт ва маҳалли баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ огоҳ намуда, ба онҳо мактуб, хабарнома ва даъватномаи судӣ ирсол менамояд;

— дастхати шоҳидон, дастхати тарҷумон ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурии мурофиавиро пешакӣ омода менамояд;

— толори судӣ ё ҷойи дигари баргузории мурофиаи судиро пешакӣ омода менамояд;

— дигар чораҳоро оид ба тайёр кардани муҳокимаи судӣ меандешад.

  1. Котиби маҷлиси судӣ аз рӯзи оғози маҷлиси судӣ ва минбаъд то ба итмом расидани баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ амалҳои зеринро анҷом медиҳад:

— ҳозир шудани шахсонеро, ки бояд дар маҷлиси судӣ иштирок кунанд пешакӣ санҷида, дар ин бора ба раисикунандаи парвандаи ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ ахборот пешниҳод менамояд;

—  амалҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ намудааст иҷро менамояд.

  1. Котиби маҷлиси судӣ баъди ба итмом расидани баррасии парванда ӯҳдадор аст:

— нусхаи қарор дар бораи таъини ҷазои ҳабси маъмурӣ ва ё бо роҳи маъмурӣ берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро, фавран баъди баррасии парванда ба ҳуқуқвайронкунанда ва мақомоти дахлдор супорад ё ирсол намояд;

— дар мӯҳлати на дертар аз панҷ рӯзи баъди ба итмом расидани баррасии парванда ё боздошта шудани пешбурди парванда протоколи маҷлиси судиро таҳия ва имзо намояд;

— дар мӯҳлати на дертар аз се шабонарӯз аз рӯзи ба итмом расидани баррасии парванда ва дар ҳолатҳои пешнибинамудаи қонун дар рӯзи хотима ёфтани баррасии парванда, нусхаи санади судиро ба шахсони иштирокчии парванда супорад ё ирсол намояд;

— дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи воридшавӣ ва дар ҳолатҳои пешнибинамудаи қонун рӯзи воридшавӣ нусхаи шикоят ва эътирозҳои нисбати санади судӣ овардашударо ба шахсони иштирокчии парванда супорад.

  1. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бояд дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ ба шӯъбаи умумӣ супорида шавад.
  2. Котиби маҷлиси судӣ дар бораи ҷараёни муҳокимаи судӣ: таъини муҳокимаи судӣ, мавқуф гузоштан, боздоштан, аз нав оғоз намудан ва натиҷаи баррасии парванда ва маводҳо барои ворид намудани маълумотҳои зарурӣ ба варақаи бақайдгирии оморӣ ба шахси масъули шӯъбаи умумӣ маълумот пешниҳод менамояд.

 86. Котиби маҷлиси судӣ парванда ва маводҳоро бо пайдарҳамии хронологӣ дӯхта, саҳифагузорӣ ва рӯйхат карда ба шӯъбаи умумӣ месупорад.