↑ Вернуться > КОРГУЗОРӢ

ХУСУСИЯТҲОИ КОРГУЗОРӢ БО ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ

Хусусиятҳои коргузорӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ, таъини муҳокимаи судӣ ва омодагӣ ба он

  1. Парвандаи ҷиноятӣ рӯзи номнавис шудан ба судя супорида шуда, дар ин бора ба дафтар ва варақаи баҳисобгирии оморӣ маълумот ворид карда мешавад.
  2. Марҳилаи ба муҳокимаи судӣ омода намудани парвандаи ҷиноятӣ аз рӯзи қабули қарор дар бораи таъини муҳокимаи судӣ ва омодагӣ ба он оғоз мегардад.
  3. Котиби маҷлиси судӣ ӯҳдадор аст бо қарори судя дар бораи таъини муҳокимаи судӣ шинос шуда, иҷроиши пурра ва саривақтии онро таъмин намояд.
  4. Дар марҳилаи омодагӣ ба муҳокимаи судӣ котиби маҷлиси судӣ амалҳои зеринро анҷом медиҳад;

— маълумотҳоро дар бораи таъини муҳокимаи судӣ бо ишораи насаб, ном ва падари судшаванда, вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ба рӯйхати парвандаҳои ҷиноятӣ, ки барои баррасӣ таъин шудаанд ворид намуда, дар даромадгоҳи суд насб менамояд;

— дар ҳолатҳои зарурӣ машваратчиёни халқиро (машваратчии халқии эҳтиётӣ — бо парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки муҳокимаи судии онҳо муддати дарозро талаб менамояд) ҷиҳати иштирок дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ ҷалб намуда, ба онҳо барои шинос шудан бо парвандаи ҷиноятӣ, шароит фароҳам меоварад;

— дар ҳолатҳои зарурӣ тарҷумонро ҷиҳати иштирок дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ ҷалб намуда, пешакӣ салоҳиятнокии ӯро муайян менамояд;

— ба айбдоркунандаи давлатӣ, ҳимоятгар, судшаванда, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, намояндагони онҳо барои шинос шудан бо парвандаи ҷиноятӣ шароит фароҳам меоварад;

— ариза, дархост, шикоят ва дигар муроҷиатҳои воридшударо ба парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳ намуда, нусхаи онҳоро ба дигар иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ирсол менамояд;

— дар мӯҳлати на камтар аз панҷ шабонарӯз шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вақт ва маҳалли баррасии парвандаи ҷиноятӣ огоҳ намуда, ба онҳо мактуб, хабарнома ва даъватномаи судӣ ирсол менамояд;

— дар сурати қабул шудани қарори судя дар бораи тағйир додани чораи пешгирӣ ба судшаванда ва ҷабрдида нусхаи онро ирсол менамояд;

— дастхати шоҳидон, дастхати тарҷумон ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурии мурофиавиро пешакӣ омода менамояд;

— толори судӣ ё ҷойи дигари баргузории мурофиаи судиро пешакӣ омода менамояд;

— дигар чораҳоро оид ба тайёрӣ ба муҳокимаи судӣ меандешад.

  1. Котиби маҷлиси судӣ рӯзи оғози маҷлиси судӣ ва минбаъд то ба итмом расидани парвандаи ҷиноятӣ амалҳои зеринро анҷом медиҳад:

— ҳозир шудани шахсонеро, ки бояд дар маҷлиси судӣ иштирок кунанд пешакӣ тафтиш намуда, дар ин бора ба раисикунандаи парвандаи ҷиноятӣ ахборот пешниҳод менамояд. Дар сурати ҳозир нашудани шахсони даъватшуда барои таъмини ҳозиршавии онҳо чораҳо меандешад;

— бо супориши раисикунандаи парвандаи ҷиноятӣ амалҳои дигарро ба иҷро мерасонад.

  1. Котиби маҷлиси судӣ баъди ба итмом расидани баррасии парвандаи ҷиноятӣ ӯҳдадор аст:

  — бо парвандаи ҷиноятӣ, ки аз рӯи онҳо судшаванда дар ҳабс нигоҳ дошта мешавад, дар мӯҳлати на дертар рӯзи дигари ба итмом расидани баррасии парвандаи ҷиноятӣ нусхаи санади судӣ ё иқтибоси онро ба тавқифгоҳи тафтишотӣ ирсол намояд;

— дар мӯҳлати на дертар аз панҷ шабонарӯз аз лаҳзаи ба итмом расидани баррасии парвандаи ҷиноятӣ ё боздошта шудани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ протоколи маҷлиси судиро таҳия ва имзо намояд;

— дар мӯҳлати на дертар аз панҷ шабонарӯз аз лаҳзаи ба итмом расидани баррасии парвандаи ҷиноятӣ нусхаи санади судиро ба маҳкумшуда, ҷабрдида ва дигар шахсони иштирокчии парванда супорад;

— дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи корӣ аз рӯзи воридшавӣ нусхаи шикоят ва эътирозҳои нисбати санади судӣ овардашударо ба шахсони иштирокчии парванда супорад.

  1. Парвандаи ҷиноятӣ бояд дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ ба шӯъбаи умумӣ супорида шавад.
  2. Котиби маҷлиси судӣ дар бораи ҷараёни муҳокимаи судӣ: таъини муҳокимаи судӣ, мавқуф гузоштан, боздоштан, аз нав оғоз намудан ва натиҷаи баррасии парванда ва маводҳо барои ворид намудани маълумотҳои зарурӣ ба варақаи бақайдгирии оморӣ ба шахси масъули шӯъбаи умумӣ маълумот пешниҳод менамояд.
  3. Котиби маҷлиси судӣ парванда ва маводҳоро бо пайдарҳамии хронологӣ дӯхта, саҳифагузорӣ ва рӯйхат карда ба шӯъбаи умумӣ месупорад.
  4. Коргузорӣ бо парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ тибқи ҳамин Дастурамал анҷом дода шуда, дар дафтари алоҳида ба қайд гирифта мешавад.

Дар сурати оғоз намудани парвандаи айбдоркунии хусусӣ дар варақаҳои омории шакли дахлдор, ки ба Дастурамал дар бораи тартиби пур кардан ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ – баҳисобгирӣ замима шудааст, маълумотҳои зарурӣ ворид карда шуда, аз Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тақсимоти рақамҳои бақайдгирии парвандаҳои ҷиноятӣ ба субъектони бақайдгирӣ ва баҳисобгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, рақами бақайдгирӣ гирифта мешавад. Варақаҳои омории шаклҳои дахлдор ба мақомоти корҳои дохилӣ фиристонида мешаванд.